Видео: Легионери эронӣ дар сархати нишонзанҳои қаҳрамонии Тоҷикистон
Ибодуллоҳи ТОҲИР Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Мусобиқоти қаҳрамонии имсолаи футболи Тоҷикистон 11 гол задааст ва дар сархати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот қарор дорад. Ин легионери эронӣ ду голи охири худро дар бозии даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар дидор бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба ҳадаф расонидааст.VIDEO
Ҳусейни Сӯҳробӣ чор моҳ қабл аз тими “Хайр”-и Ваҳдат ба дастаи “Истиқлол” гузашта буд. Вай дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ки дар ҳайати дастаи “Хайр” бозӣ мекард, 7 гол зада буд. Ӯ то замони ба дастаи “Хайр” гузаштанаш дар тими “Нафти Теҳрон”-и Эрон бозӣ мекард. Ҳусейни Сӯҳробӣ 26 сол дошта, қадаш 1-метру 85 сантиметр, вазнаш 82 кило мебошад. Ӯ аксарияти голҳои задаашро бо сар вориди дарвоза кардааст. Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот пас аз Ҳусейни Сӯҳробӣ ҳамдастааш- Дилшод Восиев бо - 7 тӯб дар зинаи дуюм аст. Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ задаанд. Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе бо Ҳусейни Сӯҳробӣ то охири мавсим шартнома бастааст ва тамдиди ин қарордод боз барои се соли дигар дар назар дошта шудааст. Дастаи "Истиқлол"-и Душанберо соли 2007 Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, президенти феълии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис дода буд. Дастаи "Истиқлол" ду сол пайи ҳам (2010 ва 2011) қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуда буд, вале соли гузашта дар бозии ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз тими "Равшан"-и Кӯлоб шикаст хӯрда, натавонист, ки барои бори сеюм унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро соҳиб шавад. Аммо барои тими “Равшан” барои аввалин бор буд, ки унвони қаҳрамониро ба даст овард. Дар Мусобиқоти қаҳрамонии имсола бошад дастаи “Истиқлол” ҳам дар бозии хонагӣ ва ҳам дар бозии ҷавобӣ аз тими “Равшан” бо ҳисоби якхелаи 1:0 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ дар ҷадвали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон “Равшан” аз 11 пирӯзӣ ва як мусовӣ 34 имтиёз ба даст оварда, дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”-и Душанбе, ки то имрӯз 13 бозӣ кардааст дар ду дидор шикаст хӯрда, дар 11 дидор пирӯз шудааст ва бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.