Карзай парлумони Тоҷикистонро аз “муваффақтаринҳо дар ҷаҳон” гуфт
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз 21-уми октябр, дар мулоқот бо президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобулро баррасӣ кардаанд.
Тавре Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд, ки ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии кишварҳои мо мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров дар ҳузури Карзай гуфтааст, Тоҷикистон ва Афғонистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла сиёсату амният, иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои хуберо бароҳ мондаанд: “Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳашт моҳи соли 2013 маблағи 120 миллион 882,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кард. Аз ҷумла содирот 74 миллиону 648,8 ҳазор доллар ва воридот ба 46 миллиону 233, 5 ҳазор доллари ИМА баробар шуда, ин нишондиҳанда сол то сол ба ҳаҷми қобили мулоҳиза афзоиш меёбад.“
Ҳомид Карзай дар навбати худ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуда, таъкид доштааст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти начандон зиёди худ дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.