Боздошти қотилони як саррофи хуҷандӣ бо гузашти 10 сол
Пулиси вилояти Суғд чаҳор нафари гумонбар дар қатли Бахтиёр Узоқов, як корманди мубодилаи асъор дар Хуҷандро, боздошт кардааст. Қатли Бахтиёр Узоқов даҳ соли пеш, моҳи майи соли 2003, иттифоқ уфтода буд.
Манбаи мо дар Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, “ҳоло Равшан Сатторов (соли таввалудаш 1980), Юсуф Аъзамов (соли таввалудаш 1981), Афзалхони Абдураҳмон, мулаққаб ба “Азиз” (соли таваллудаш 1976) ва Ҳабибҷон Юсупов (соли таваллудаш 1980) ба гумони даст доштан дар куштори Бахтиёр Узоқов ва дуздии пулҳои ӯ боздошт шудаанд.”
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, бо тасдиқи ин хабар гуфт, “шахсони номаълум соли 2003 дар даромадгоҳи бинои 67-уми маҳаллаи 13-и шаҳри Хуҷанд ҳангоми ворид шудан ба манзили истиқоматиаш, корманди нуқтаи мубодилаи асъор шаҳрванд Бахтиёр Узоқов (соли таваллудаш 1979), сокини шаҳри Хуҷандро, бо истифода аз тапончаи тамғаи “Макаров” ба қатл мерасонанд. Баъдан, маблағҳои бо худ доштаашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.”