Норозигии сокинони Душанбе аз роҳбандон: “Мо ҳам зиндагӣ дорем!” (ВИДЕО)
Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон аз роҳбандоне, ки субҳи 21 октябр, дар пайи сафари Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба Душанбе иттифоқ уфтод, норозигӣ карданд.
Онҳо мегӯянд, дар пайи ин роҳбандон дар вақташ ба ҷои кори худ нарасидаву баъзеи дигар натавонистаанд беморони худро ба бемористон бубаранд. Хабарнигори “Озодагон” назари чанде аз сокинонро дар як навори видеоӣ гирдоварӣ кардааст, ки онро манзури Шумо мегардонем.
Дар ин навор яке аз назардиҳандагон ба мақомот пешниҳод мекунад, ки “бигузор роҳи дигаре созанд, то аз ин тариқ меҳмонҳои худро қабул кунанд.” Ба қавли мусоҳиби мо, “мегӯянд, меҳмон мегузарад. Бигузор ба роҳи дигар гузаранд. Мо ҳам зиндагӣ дорем, бишинем чор соат нигоҳ карда?”
Назари дигаронро дар навори зер бубинед: