Натиҷаи назарпурсӣ: "Ҳукумов вазифаи баландтар мегирад"
Наздики чил дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар бахши русии “Озодагон” бар инанд, ки Расули Амонуллои 16-сола, барои садамаи маргбори 9-уми октябр дар Душанбе муҷозот нахоҳад шуд ва падараш Амонулло Ҳукумов, раиси феълии “Роҳи оҳании Тоҷикистон” вазифаи баландтар хоҳад гирифт.
Дар назарпурсии “Озодагон” беш аз 36,5 дарсади дигари иштирокчиён гуфтаанд, ки ин садама ягон пайомаде нахоҳад дошт. Дар ҷои сеюм ин ақида қарор дорад, ки мақомоти қудратӣ ҷониби дигарро гунаҳкор хоҳанд баровард. Ба ин, ки Расули Амонулло, ки гунаҳкори садамаи маргбори шаби 9-уми октябр гуфта мешавад, воқеан ҳам ҷазо мегирад, ҳамагӣ 7 дарсад бовар доранд.
Расули Амонуллои 16-сола гунаҳкори садамае гуфта мешавад, ки се кушта ва се маҷруҳ барҷой гузошт. Ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, барои он, ки ин ноболиғ шабона сари чанбараки мошин нишастааст, падараш Амонулло Ҳукумов тибқи қонун дар бораи масъулияти падару модар ва кормандони БДА барои хунукназарӣ бояд муҷозот гарданд.