Хиддинк аз курсии сармураббии яккачини футболи Австралия даст кашид
Гуус Хиддинк, мураббии шинохта розӣ нашудааст, ба курсии сармураббии тими миллии футболи Австралия, ки ширкати худ дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2014-ро таъмин кард, бишинад.
Ӯ дар суҳбат ба Sky Sports гуфтааст, ҳатто ширкат дар МҚҶ ҳам наметавонад истироҳаташро барҳам занад: «Солҳои охир зиёд кор кардам ва зиёд сафар кардам. Аз ин рӯ ба истироҳат ниёз дорам».
Мурабии 66-сола гуфтааст, ният дорад аз мавсими оянда ба кор баргардад.
Дар ҳоли ҳозир тими миллии Австралия бидуни сармураббӣ аст. Холгер Осиек 12-уми октябр баъди мағлубият дар бозии дӯстона аз яккачини Фаронса бо ҳисоби бузурги 0:6 аз симматаш барканор шуд.
Яккачини Автралия барои Хиддинк бегона нест. Ӯ дар гузашта дар ин тим кор карда ва соли 2006 онро ба МҚҶ овард. Бозингарони австралиягӣ он вақт то 1/8 финалӣ баромаданд.