“Равшан” пешсафияшро дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон нигоҳ дошт
Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои Лигаи Олӣ баргузор гардиданд.
Рӯзи 20-уми октябр, тими “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба сабқат баромада, бозиро мусовӣ- 1:1 анҷом дод. Валерий Андроник, бозигари дастаи мизбон дар дақиқаи 34 – ум тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид намуда, ҳисобро боз кард. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голи меҳмононро Ҳасан Рустамов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 55-ум аз ҷаримаи 11- метра ба хадаф расонд. Сардовари бозӣ Раҳмон Муртазоев ба бозигари тими “Хуҷанд” Бенҷамин Аманкуву корти сурх нишон дод.
Дар бозии дигар тими ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бо дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба сабқат баромада, бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаи дидорро дар Ҷеймс Аддӣ дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари ин давр рӯзи 19-уми октябр баргузор гардид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд. Голҳоро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юми дидор ба ҳадаф расонид.
Дар бозии дигар дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ бо тими “Хайр”-и Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 77-ум Саид Ломеирамандӣ, легионери эронии “Хайр” зад.
Ҳаминтариқ ҳоло дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 33 имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар зинаи сеюм аст.
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол”) - 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ.