Ромодановский: Барои Русия бидуни Тоҷикистон мушкил хоҳад буд
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, кишвараш аз ҳама равобити беҳтар дар самти муҳоҷират, бо Тоҷикистон дорад.
Ӯ гуфтааст, вазъият бо Тоҷикистон хеле печида ба назар мерасад, вале чӣ аз нигоҳи шумораи тавофуқот ва чӣ аз нигоҳи истодагарияш равобити муштарак бештар бо он ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи раҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, барои Душанбе бидуни Маскав будан бисёр мушкил хоҳад буд, читавре ки барои Маскав бидуни он аст: “Чун таърих ва ҷойгиршавии геополитикӣ чунин як ҳолатро ба миён овардааст.” Ӯ афзудааст, ки ниҳоди зертобеаш назоратро аз болои муҳоҷирони корӣ ҳангоми вуруд ба ин кишвар ҷиддӣ хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия таъкид карда буд, ки шуруъ аз соли 2014 қавоиди вуруди муҳоҷирони корӣ аз давлатҳои пасошӯравӣ ба кишвараш вазнин шуда, онҳо бояд ҳангоми убури марзи Русия ҳам шиносномаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бо худ дошта бошанд.