Баҳси CASA-1000 ва роҳи оҳан дар мулоқоти хосаи Раҳмону Карзай
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистонро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон истиқбол намудаааст.
Ба итиллои Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухунгӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносоии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Айни ҳол ба гуфтаи Шарифзода баррасии масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо идома дорад. Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот таваҷҷуҳи асосии ҷонибҳо ба лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти интиқоли барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, ё худ "CASA 1000" равона гардидааст.
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ҷараёни сафари дурӯзааш дар Душанбе, ба гуфтаи мақомоти афғон се қарордодро имзо хоҳад кард. Ба қавли ҷониби Афғонистон санади иловагӣ дар бораи транзити молу коло миёни Тоҷикистону Афғонистон ба имзо хоҳад расид.
Ин бори ҳафтум аст, ки Ҳомид Карзай дар тӯли 12 соли раҳбарияш ба Тоҷикистон меояд.