баргард
чоп кардан
Баҳси видеое, ки як тоҷик кӯдаки русро аз алангаи оташ наҷот медиҳад
Дар пайи фишорҳои ахир ба муҳоҷирон дар Русия, наворе, ки дар он як тоҷик кӯдаки русро аз хонаи оташгирифта дар Маскав наҷот медиҳад, ба ҷумлаи сербаҳстаринҳо дар интернет табдил ёфтааст.
Пахшкунандагони ин навор, ки шоҳидони ҳодиса будаанд, нақл мекунанд, ки дар ҷои сӯхтор худи русҳо низ зиёд буданд, аммо барои кӯмак ба кӯдак дар иҳотаи оташ танҳо муҳоҷирон шитофтанд, ки китф ба китф монда, то ошёнаи сеюм баромаданд ва чолоктараш ниҳоят кӯдакро наҷот дод.
Дар пасманзари нашри ин навор, аз он интиқод мегардад, ки дар Русия танҳо ҷанбаи манфии ҳузури муҳоҷирон инъикос мегардад ва он ҳама некию манфиате, ки муҳоҷирон меоранд, сарфи назар мегардад.