Имзои се қарордод дар ҷараёни сафари Карзай ба Душанбе
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Душанбе, ки субҳи 21 октябр оғоз ёфт, бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш, дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.
Ин мулоқоти оқои Карзай бо Раҳмон рӯзи душанбе, соати 11:00, дар Қасри Миллат баргузор мешавад. Ин бори ҳафтум аст, ки Ҳомид Карзай дар тӯли 12 соли раҳбарияш ба Тоҷикистон меояд.
Ҷонон Мӯсозай, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбе, 20 октябр, ба хабарнигорон гуфта, ки дар тӯли сафари дурӯзаи Карзай ба Душанбе имзои се қарордод дар назар аст. Ба қавли ӯ, инчунин, санади иловагӣ дар бораи транзити молу коло миёни Тоҷикистону Афғонистон ба имзо хоҳад расид.