Убайдуллоев амр дод, ки Душанберо аз симчӯбҳо "тоза кунанд"
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи шаҳрдорӣ дастур додааст, симчӯбҳои барқӣ комилан аз Душанбе бардошта шаванд.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба "Озодагон" гуфт, Убайдуллоев хостааст, дар ноҳияҳои пойтахт симчӯбҳои барқӣ бо сутунҳои оҳану бетонӣ иваз карда шаванд. Шаҳрдори Душанбе таъкид намудааст, масъулин масъалаи иваз намудани симчӯбҳои барқиро бо сутунҳои оҳану бетонӣ ба пуррагӣ таҳқиқ намуда, то 1 декабри соли ҷорӣ барои комилан аз байн бурдани симчӯбҳо ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳодҳои худро ироа намоянд.
Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъалаи омодагиҳо ба зимистони оянда дахл карда, комиссияи марбутаро вазифадор намудааст, захиракунии ангишт барои фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунӣ, ки дар маҷмуъ 116 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, мавриди санҷиш қарор диҳанд.