Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик, дар дискфурӯшиҳо
Дар нуқтаҳои дискфурӯшии Тоҷикистон навори қиссаи ишқбозии Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик дар Русия бо як зани мутааҳҳил (шавҳардор) ба фурӯш баромадааст.
Қиссаҳо аз саргузашти ин муҳоҷири тоҷик шоми 9 октябр дар барномаи “Пусть говорят” тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда буд. Дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.
НАҚЛИ ҲАМСАРИ САИД
Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.
Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифтааст, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш намебошад. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш ҳаст. Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.