Баҳси марзии Душанбею Бишкек тақрибан ниҳоӣ шуд
Қирғизистон мегӯяд, Душанбею Бишкек дар мавриди аломатгузории хатти марзҳои худ дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар ба тавофуқ расидаанд.
Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Бешимов гуфтааст, гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, тавофуқ оид ба аломатгузории хатти марз ва бархе аз имзои аснод самаранок анҷом ёфтанд.
Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, ки инчунин миёни ин ду кишвар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон чандин маротиба ба баррасӣ гирифта шуд. Ӯ таъкид кардааст, ки ин лоиҳа бисёр муҳим буда, аз ҷониби кишварҳои туркзабон ҷонибдории худро ёфтааст.