"Зенит" ба дарвозаи ССКА ду голи беҷавоб зад
Тими футболи "Зенит" бар дастаи ССКА ду голи беҷавоб зад.
Ин дидор дар доираи даври 13-уми премер-лигаи Русия дар санкт-Петербург баргузор шуд. Ҳисобро Роман Широков дар дақиқаи 16-ум боз кард. Дар дақиқаи 44-ум Халк голи дуюми “Зенит”-ро ба самар расонд.
Баъди ин пирӯзӣ "Зенит" бо касби 32 имтиёз мавқеашро дар зинаи аввали мусобиқот мустаҳкамтар намуд. Дар мақоми дуюм “Локомотив ва дар ҷои сеюм "Спартак" нишастаанд. Дар даври 13-ум "Локомотив" бо "Амкар" ва "Спартак" бо "Анжи" бозӣ мекунанд.
ССКА дар ҷадвали мусобиқот бо 21 хол дар мақоми панҷум аст.