Алимардонов: "Вазифаам нест, ки ба ҳар сокини Фархор замин диҳам"
Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон оид ба кишоварзӣ, шикояти бархе аз сокинони ноҳияи Фархор дар мавриди бетарафияшро, рад карда, изҳор дошт, ки 18-уми октябр, барои ҳалли мушкили беш аз 150 сокин ба ноҳияи Фархор сафар доштааст.
Муродалӣ Алимардонов, дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дирӯз дар ноҳияи Фархор бо мушкили сокинон шинос шуда, ба раиси ноҳия дастур додааст, ки ҳуҷҷатгузории заминҳои сокинони ноҳияро қонунӣ кунанд: “Муаммои заминҳои сокинони Фархор дар он аст, ки ба онҳо пештар як роҳбари совети қишлоқ бе ягон ҳуҷҷат замин додааст. Онҳо ба мо муроҷиат карда буданд ва мо ваъда дода будем, ки ҳуҷҷатгузорӣ карда месупорем. Акнун ҳокимияти маҳаллӣ ҳуҷҷатҳоро таҳия карда, заминҳоро ба сокинон тақсим хоҳад кард.”
Алимардонов афзуд, “ман салоҳият надорам, ки ба ҳар як сокини Фархор заминҳоро чен карда супорам, ин вазифаи раиси ноҳия ва совети қишлоқ мебошад. Он чизе, ки аз ҳукумати марказӣ вобаста аст онро ҳал карда медиҳем.”
Ин дар ҳолест, ки як гуруҳ сокинони ноҳияи Фархор борҳо дар расонаҳо аз мушкилоти заминашон шикоят карда, мақомотро дар беаҳамиятӣ муттаҳам мекарданд, вале ниҳоят баъди дахолати Алимардонов ин мушкил ҳал шудааст.