Ҳалокати ду кӯдак ва як духтари 19-сола дар пахтазори Шаҳритус
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пахтазорҳои ноҳияи Шаҳритус ду кӯдак ва як духтари 19-сола ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ шаҳрванд Қаландарова Маъмура Тошевна соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳритус, сари чанбараки мошини Тико, дар роҳ ба сари заминҳои хоҷагии деҳқонии «Содиқ», аз қитъаи пахтазоре убур намудааст, ки роҳи автомобилгард надорад ва аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузар чаппа шудааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашина, Хуҷамбердиева Хайриниссо Абдуғаниевна, соли таваллудаш 1994, Анваров Асрор Анварович соли таваллудаш 2010, Анваров Асадбек Анварович соли таваллудаш 2011, сокинони ноҳияи Шаҳритус ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”