Шоҳиён дархости Кабирӣ дар мавриди Бобоназароваро рад кардааст
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ҷавоби рад додааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 18-уми октябр, бо ирсоли як нома, аз Шермуҳаммади Шоҳиён, хоста буд сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро аз нав дида бароянд.
Кабирӣ барои бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба КМИР се далел ироа намудааст:
1.Агарчӣ бо қарори КМИР барои ҳар номзад чамъоварии 210 ҳазор имзо муайян шуда буд, аммо бинобар гуфтаҳои Шумо ва роҳбари дастгоҳи КМИР теъдоди интихоботкунандагон 4 миллиону 22 ҳазор ва дар ниҳоят 4 миллиону 34 ҳазор будааст. Аз ин рӯ меъёри дар Қарори КМИР овардашуда ба воқеъият созгор намебошад ва теъдоди имзоҳои зарурӣ бояд каме бештар аз 200 ҳазор бошад;
2.ҲНИТ дар раванди чамъоварии имзоҳо беш аз 202 ҳазор имзои чонибдоронашро барои номзад ҷамъ овардааст, ки беш аз 5% интихобкунандагон мебошад;
3.Мувофиқи Қарори КМИР муҳлати чамъоварии имзоҳо то соати 18 00-и рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид шуда буд, аммо рӯзи 10-уми октябр, соати 8:02 роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманон Додоев аз тариқи сомонаи “Азия -плюс” изҳор дошт, ки Ойниҳол Бобоназарова теъдоди муайяншудаи имзоҳоро ба чонибдориаш чамъ наовардааст ва аз сабқат дар интихобот берун шуд.
Бо зикри ин далелҳо Кабирӣ аз КМИР хостааст, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ сабт кунанд, то воқеъӣ ва демократӣ баргузор гардидани интихоботи моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон зери суол наравад.
Аммо КМИР ба ин дархостҳо ҷавоби рад дода, бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ғайриимкон хондааст.