Норозигии сафири нави Русия аз сатҳи забони русӣ дар Тоҷикистон
Игор Лякин Фролов, сафири нави Русия дар Душанбе мегӯяд, сатҳи рушди забони русӣ дар Тоҷикистон қонеъкунанда намебошад.
Флоров гуфтааст, ҳар чанд сокинони Душанбе бо забони русӣ хуб ошно ва ҳангоми муошират аз он истифода мекунанд, вале мутаассифона аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои шуғли меҳнатӣ ба Русия меоянд, бо ин забон мушкил доранд.
Ба гуфтаи ин дипломати рус, кишвараш барои рушди забони русӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи он ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо талош хоҳад кард: “Ҳоло имкониятҳо барои гузаштани дарсҳо пурра бо забони русӣ боз дар як мактаби дигари Душанбе ба баррасӣ гирифта шудааст. Ин масъала дар ҷараёни сафари ахири раиси парлумони Русия ба Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд.”
Ин дар ҳолест, ки ҳоло донишомӯзони ду мактаби миёна ва ду гимназияи пойтахт пурра бо забони русӣ дарс мехонанд.
Сафири рус мегӯяд, ӯ мутмаин ҳаст, ки бо мақомоти тоҷик дар мавриди русикунонии боз як мактаби дигар ба тавофуқ меоянд. Фролов афзудааст, ки ҳоло масъалаи ташкили як факулта дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон барои омода кардани муаллимони забон ва адабиёти русӣ дар ҳоли баррасӣ мебошад.