Фурӯши фарзанд ба хотири ба даст овардани iPhone
Пулиси Чин як зану шавҳари ҷавонеро дастгир кардааст, ки ба хотири соҳиби телефони мобилии навъи “iPhone” шудан тифли худро фурӯхтаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Озодӣ”-и Чин, ин зану шавҳар рӯи саҳифаи интернетие эълон гузоштаанд, ки мехоҳанд, тифли хешро бар ивази 46 ҳазор доллар ба нафаре ба фарзандхонӣ диҳанд.
Ин нашрия менависад, ки волидайни чинӣ баъд аз ба даст овардани маблағ, онро барои харидории телефони “iPhone” ва чанд ҷуфт пояфзоли варзишӣ сарф кардаанд. Волидайни мазкур, ки боз соҳиби як тифли дигаре низ мебошанд, ҳангоми бозҷӯӣ ба мақомоти пулис гуфтаанд, ки онҳо мехостанд, духтарашон як зиндагии хуберо дошта бошад.
Пулиси Чин мегӯяд, ҳоло тафтишоти ин қазия идома дошта, ҳанӯз равшан нест, ки ин волидайнро чӣ ҳукм интизор аст.