Вазорат дар бораи боздошти тоҷири тоҷик барои оятҳои Қуръон дар Узбакистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, аз боздошти тоҷири тоҷик, Зубайд Мирзораҳимов, дар Узбакистон, ки барои пайдо кардани оятҳои Қуръон дар телефони мобилияш сурат гирифтааст, огоҳанд ва онро пайгирӣ доранд.
Ба иттилои манбаъ шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти узбак охири моҳи сентябр, ҳангоми ҳаракат ба самти Кореяи Ҷанубӣ боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки пайгир ва дар талоши ҳалли ин қазия аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳам мақомоти узбак шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти матолиби динӣ боздошт карда буданд. Аз ҷумла Шуҳрат Шодиев, рӯзноманигори тоҷик, чанд соли қабл барои дарёфти як фиттаю китобҳои хусусияти динидошта боздошт шуда, чанд муддат дар боздоштгоҳи Узбакистон ба сар бурд.