Ифшои дуздии 55 000 $ ва 33 000 сомонӣ дар Истаравшан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳамон ба дуздии 55 ҳазор доллари амрикоӣ ва 33 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Истаравшан боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ ба мақомоти пулиси шаҳри Истаравшан шаҳрванд Ҳайитов Фаррух Норматович соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ҳамин ҷо муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рўзи 16-уми октябри соли равон, шахсони номаълум аз автомашинаи шахсиаш - «Опел-Астра», дар назди бозори марказии Истаравшан маблағ дар ҳаҷми 55000 доллари амрикоӣ ва 33000 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
ВКД мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба ин дуздӣ шаҳрвандон, Сафаров Умедҷон Асрорович соли таваллудаш 1981 ва Юнусов Хусрав Рустамович соли таваллудаш 1990 сокинони Истаравшан дастгир карда шуда, аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд.
Ин ниҳод меафзояд, ки айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.