Анҷоми сабқат ба муносибати зодрӯзи Раҳмону Путин
Дар шаҳри Владимири Русия, ба муносибати зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 5-уми октябр ва зодрузи Владимир Путин, ки 6-уми октябр қайд мешавад, мусобиқаи шоҳмотбозӣ баргузор гардид.
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, Ватанамонро дар ин сабқат Мамадус Худайқулов, намояндагӣ карда, маҳорати хуб нишон дод: “Аммо ҷои якум насиби Михаил Терентев, ҷои дуюм Евгений Липатов ва мақоми сеюмро Алексей Мишин соҳиб гардид.”
Эгамзод афзуд, ки бошгоҳи шоҳмотбозони шаҳри Владимир намояндагони миллатҳои гуногунро дар бар гирифта, аз ҷумлаи фаъолтаринҳо дар қаламрави Русия ба шумор меравад.