Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо ва самбо дар Кӯлоб
Рӯзҳои 19-20-уми октябр дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барпо мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони дастаҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Ҳамчунин рӯзҳои 26-27-уми октябр дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо миёни варзишгарони соли тавалуди 1994-1996 бо ширкати дастаҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳи тобеи марказ дар вазнҳои 55, 60, 66, 77, 82, 90, 100 ва аз 100 баргузор мегардад.
Манбаъ мегӯяд, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби гуштии миллӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ташкил карда шудааст. Ғолибони мусобиқа бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.