Куштори муҳоҷири 46-солаи тоҷик дар Қазоқистон
Дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон як муҳоҷири 46-солаи тоҷик аз сӯи шаҳрванди муқимӣ ба қатл расонида шудааст.
Ба иттилои расонаи қазоқии “Tengrinews.kz ”, рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Капчагаи вилояти Алма-Ато муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷикеро пайдо кардаанд, ки бино ба сабаби ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанаш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Капчага кор мекард, чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса бо яке аз муштариёни ин қаҳвахона таниши забонӣ доштааст.
Мақомоти пулиси маҳаллӣ, баъд аз гузаронидани корҳои тафтишотӣ муайян кардаанд, ки муҳоҷири тоҷик аз сӯи ин шаҳрванди 43-солаи муқимӣ мавриди зарбу шата қарор гирифтааст: “Ҳоло шахси гумонбар дар боздошгоҳ буда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Дар мавриди ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон чизе оварда нашудааст.