Вазир ба ихтиёриёни фаъоли милитсия хона ваъда кард
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки барои ҷалби бештари ихтиёриён ба милитсия озмуни «Корманди беҳтарини ғайриштатии милитсия» ташкил карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов ин нуктаро имрӯз, 18 уми октябр, зимни Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» иброз дошта, таъкид намудааст, ки ба ғолибони озмун хона тақдим хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ Рамазон Раҳимов дар ин анҷуман, ба як қатор кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои арзишнок, аз ҷумла соати дастӣ ва телефони мобилӣ тақдим намудааст.