М.Бахтӣ ва М.Илолов ба додгоҳ нарафтанд. Эътироз алайҳи Тутубалина ё додгоҳ?
Мамадшо Илолов, президенти Академияи улум ва Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон, қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро барои ҳузур дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Олга Тутубалина , муҳаррири “Азия плюс” , иҷро накарданд.
Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳи Фирдавсии Душанбе шикоят бурдаанд, имрӯз, 18-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошт, ки тамоми ваколатро аз зерҳимояҳояш гирифтааст ва имкон дорад, аз номи онҳо баромад кунад.
Аммо додрас Сурайё Ҷобирова, аз ҳузур надоштани Меҳмон Баҳтӣ ва Мамадшо Илолов норозӣ монда таъкид намудааст, ки “вақте додрас қарор баровард бояд ҷонибҳо онро иҷро кунанд.” Бо зикри ин мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Тутубалина ба рӯзи 22-юми октябр мавқуф гузошта шуд.
Дар мурофиаи қаблӣ Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс”, танҳо барои се зиёии тоҷик 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарарӣ маънавӣ хост.
Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 10 октябр ҷараён гирифт, гуфт, “Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки дар он ҷо дар бораи зиёиён низ гап меравад, зарари маънавӣ дидаанд.”
Оқои Устобоев дар идома афзуд, аммо панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон, мехоҳанд, хонум Тутубалина фақат аз онҳо маъзаратхоҳӣ кунад. Вай аз ҷумла гуфт, “норизоиятии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ аз он аст, ки Олга Тутубалина дар як матлаби худ зиёиёни тоҷикро таҳқир намудааст”. Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурда ва таъкид карда буд, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.