Ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан» ҳизби «Нур Отан» шуд
Аз номи ҳизби "Нур Отан" ибораи "халқӣ-демократӣ" бардошта шуд. Дар ин бора Бауирҷон Байбек, муовини аввали раҳбари ҳизби "Нур Отан" хабар додааст.
"Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳизби сиёсӣ дар номи худ идеологияашро зикр намекунад. Идеологияи мо дар усулҳои мавҷуда хеле хуб инъикос ёфтааст. Аз сӯи дигар шумо медонед, ки миёни мардум моро ҳамеша ҳизби "Нур-Отан" мегӯянд", - гуфтааст Байбек дар анҷумани XV-уми ҳизб.
Дар ин анҷуман ҳамчунин рамзи нави ҳизб тасдиқ шуда, аъзоҳақӣ аз 94 танга ба 187 баланд бардошта шудааст.