ВИДЕО: Ҳимояти наздикон аз "муллои ҷодугар" ва таъхири ҳукми додгоҳ
Наздикони Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки барои “ба дом андохтани занону духтарон ва муносибати шаҳвонӣ бо онҳо” муттаҳам мешавад, ӯро бегуноҳ медонанд.
Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Аммо, бар хилофи мақомот, наздикони Иброҳимов духтареро, ки дар ин навор сабт ёфтааст, барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ муттаҳам мекунанд. Онҳо мегӯянд, Иброҳимов ҷодугар нест, балки духтар худро ба оғӯши ӯ андохта, зоҳиран ба ин кор водор кардааст. “Дар навор маълум аст, ки он хонум худаш мухолиф нест ва баръакс худаш ташаббускории ин амали шаҳвонӣ ҳам будааст”,-гуфтанд онҳо дар саҳни ҳавлии додгоҳи Сино ба хабрнигори “Озодагон”.
Мурофиаи Асадулло Иброҳимов таҳти раёсати Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ва паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд. Хабарнигори “Озодагон”, ки рӯзи 18 октбяр дар додгоҳи Сино буд, мегӯяд, “баъд аз анҷоми мурофиа Иброҳимовро дар иҳотаи кормандони мақомот аз толори додгоҳ берун бароварданд.”
Вакили мудофеи Иброҳимов гуфта, додрас мурофиаи навбатиро 21-уми октябр таъин кардааст ва дар назар аст, ҳукми нафари таҳти ҳимояташ низ ҳамн рӯз эълон шавад. Ба иттилои мақомот, Асадулло Иброҳимови 47-сола, сокини кӯчаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба баҳонаи он ки тариқи дуохонӣ духтаронро аз маризӣ раҳо мекунад, онҳоро ба дом андохта, муносибати шаҳвонӣ мекардааст.