Тошев 7 ва Ризоев 9 соли дигар зиндонӣ шуданд (ВИДЕО)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18 октябр Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси муттаҳам ба паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониёнро, мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳоле ки қаблан Иброҳим Саидов, намояндаи додситонии Суғд, аз додрас барои Тошев ва Ризоев аз ҳашт то даҳ соли зиндон хоста буд.
Хабарнигорони расонаҳои мустақил имкони ҳузур дар мурофиаи охир ва ҳалкунандаи Садриддин Тошевва Суннатулло Ризоев наёфтанд. Танҳо хабарнигори Шабакаи аввали Тоҷикистон бо наворбардораш вориди толори мурофиа шуда, ҷараёни он ва эълони ҳукмро сабт кардааст.
Файзиннисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов, вакилони мудофеи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда, ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд. Хонум Воҳидова гуфт, “додрас барои ҷудо кардан мӯй аз хамир ягон заҳмат накашидааст. Қарорро аз рӯи хулосаи айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешакӣ рӯйбардор кардааст. Ҳатман дар мӯҳлати 10 рӯз ман аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Додгоҳи вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ мебарам.”
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, айбдор шуданд. Ин ду нафар ҳамроҳи як гуруҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами яки Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Баъд аз ин навори видеоие дастраси расонаҳо шуд, ки дар он ин гуруҳи маҳбусон аз шиканҷа дар зиндонҳо шикоят кардаву захмҳои бадани худро намиш медиҳанд. Мақомот ин видеоро сохта дониста, Тошев ва Ризоевро барои паҳни гӯиё иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба додгоҳ кашиданд.