Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Макка ба Ватан 19 октябр оғоз меёбад
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” рӯзи шанбеи 19 октябр ба овардани як гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон оғоз мекунад.
Дар ин бора Лола Кенҷаева, масъули дафтари матбуоти “Тоҷик Эйр”, ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “дар ин рӯз тавассути ҳавопаймои “Боинг 757-200” 210 ҳоҷии тоҷик соати 23:20 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе меоянд.”
Хонум Кенҷаева афзуд, ширкати “Тоҷик Эйр” то 4 ноябр аз шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина, дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 700 ҳоҷиро ба Тоҷикистон бармегардонад, ки ҳудуди 40 дарсади теъдоди умумии зоиронро ташкил медиҳад. Зоирони боқимондаи тоҷикро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Ватан меовардааст.
Имсол барои зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон 6 ҳазору 300 нафар ба Маккаву Мадина рафтанд. Аз ин теъдод ду ҳоҷии тоҷик, яке аз беморӣ ва дигаре дар пайи садама дар Макка ҷони худро аз даст дода, дар Шароеъ ба хок супурда шуданд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.