Муроҷиати Далер Шарипов ба Рамазон Раҳимов
Далер Шарипов
Дар Тоҷикистон бисёр ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки назирашон шояд дар ҷаҳон набошад ва ин кишвари тамаддунофару фарҳангӣ бояд ҳам бо зиндагии худ аз дигар кишварҳо «фарқ» дошта бошад. Ходисаҳое, ки чанд моҳи ахир рух доданд, назирашро шояд таърих ёд надошта бошад.
Масалан, писарони Зайд Саидов ба хотири озодии падарашон чанд пуфаку кабутарро ба осмон сар доданд ва ба хотири ин ба панҷ рӯзи зиндон маҳкум шудаанд. Медонед чаро?! Гӯиё онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Арешев Комил ба хотири он, ки ҳангоми роҳбандони президентӣ мошинашро дар роҳ гузошту ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гӯиё итоат накард, ба панҷ рӯзи зиндон маҳкум шуд.
Аммо Расули Амонуллоҳ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётиаш се нафарро ба ҳалокат расонид, ҳанӯз ба табобати дасташ машғул аст ва гӯиё чизе рух надодааст. Мақомот ҳам аз шарҳи бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.
Аммо боз аз ин ҳам ҳодисаи аҷибе шудааст. Воҳидхон Қосиддинов ба хотири он, ки ҳангоми баргузории намоз ба имом гуфтааст «вақти муайяни намоз гузашт, мо хунук хӯрдем», додгоҳи шаҳри Исфара ӯро зуд ба понздаҳ рӯзи зиндон маҳкум намуд. Аммо пас аз як рӯз додгоҳи вилоятии Сугд ӯро озод кард, зеро ин қазия бо дахолати вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҳал шудааст. Ба гуфтаи Воҳидхон Қосиддинов Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи як муроҷиат ба вазири корҳои дохилӣ ин масъаларо ҳал карданд. Агар вазир дахолат намекард, шояд ҳоло Воҳидхон понздаҳ рӯзи худро пушти панҷара мегузаронид. Модоме намоз аз вақти муайяншуда дер оғоз шуд, табиист онҷо чанд нафари дигар ҳам аз амали имомхатиб нороҳат буданд. Аммо азбаски Воҳидхон, узви ҲНИТ ва яке аз масъулони баланди ин ҳизб мебошад, ӯро боздошт карданд.
Аз ин маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонад ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, хусусан суд дахолат кунад. Яъне, дар як рӯз метавонанд қарори қабулкардаашонро бо дахолати нафари дигар иваз кунанд ё қарори ноодилона бароранд. ҲНИТ ҳам шояд ба адолати судӣ бовар надошт, аз ин усули кори мақомот истифода бурда, ба вазири корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Вақте мақомоти қудратӣ ба кори ҳамдигар дахолат карда тавонанд, пас як пешниҳод ба вазири корҳои дохилӣ доштам.
Мӯҳтарам, Рамазон Раҳимов шумо як ба қазияи додгоҳии Зайд Саидов низ расидагӣ кунед. Зеро агар бо дахолати шумо Воҳидхон озод шуда бошад, пас дар рафти мурофиаи Зайд Саидов ҳам метавонед таъсиргузор бошед. Аммо агар шумо адолат гӯед, агар кори суду судяҳо дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи алоҳида мустақил шуморед, пас чаро шумо ба қазияи додгоҳии Воҳидхон Қосиддинов дахолат кардед? …