Боз як китоби президент нашр мешавад
21-уми октябр интизор меравад, расми муаррифии китоби нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон баргузор шавад.
Миёнаҳои сентябр зимни сафараш ба Ҷопон Бердимуҳаммадов гуфта буд, дар ҳоли навиштани китобе дар мавриди ёддоштҳои замони кӯдакияш аст. “Ин китоб дар бораи дарсҳои беҳтарини зиндагист, ки ҳанӯз овони тифлӣ омӯхтам. Ҳамчунин аз одамони шарифе нақл мекунад, ки ватани худро дӯст медоранд ва хушбахтона ман бо онҳо вохӯрдаам”,-изҳор дошта буд, президенти Туркманистон.
Аммо ба иттилои торнамои “Хроника Туркменистана” шакли комили ин китоб ҳанӯз ду моҳ қабл, миёнаҳои моҳи август ба яке аз нашриётҳои шаҳри Ашхобод ирсол шудааст. “Он вақт номи китоб мушаххас нашуда буд. Ҳоло низ номи он махфӣ нигоҳ дошта мешавад”,-навиштааст манбаъ.