Президент: "Дар интихоботҳои оянда иштирок намекунам"
Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури вақти Қирғизистон мегӯяд, дар интихоботҳои ояндаи кишвараш, чӣ парлумонӣ ва чӣ президентӣ иштирок нахоҳад кард.
Раисиҷумҳури Қирғизистон, ки дар маросими ифтитоҳияи корхонаи асфалт-битонбарорӣ дар вилояти Нарин дар ин бора ибрози назар мекард, гуфтааст, ҳар як раисиҷумҳур бояд дар муҳлати муқарраршуда аз қудрат канор равад.
Ба андешаи ӯ, президент бояд, донад, ки муҳлати ҳукуматдорияш баъд аз 5 ё 6 сол ба поён мерасад ва ӯ барои посух гуфтан дар назди қонун ба корҳои дар давраи ҳукуматдорияш анҷомдода омода бошад.
Раисиҷумҳури Қирғизистон бо овардани мисол аз таърихи ҳамтоёни худ афзудааст: “ҳамаи мо медонем, давраи ҳукуматдории ду президенти пешини қирғиз, ки иддаои амирӣ доштанд, чигуна хотима ёфт. Аз ин рӯ мо бояд, ба ингуна равандҳо муқобилият нишон диҳем.” Атамбоев изҳор доштааст, ки худи ӯ ният дорад дар муҳлати муқарраршуда аз симаташ канор равад: “Вале то поёни муҳлат барои рушду пешрафти Қирғизистон талош хоҳам кард.”
Алмосбек Атамбоев гуфтааст, ҳоло дар кишвараш низомӣ парлумонӣ ҷорӣ буда, вале ҷавобгари тасмимҳои онро бештар ҳукумат ва раисиҷумҳури он бардӯш доранд: "Имрӯз ҳамаи тасмимро парлумони Қирғизистон мегирад, аммо чун пештара ҷавобгар ҳукумат аст. Бархеҳо имрӯз барои “сиёҳ” кардани ман талош доранд, вале Шумо гӯед, ки ягон хешу табори ман дар ҳукумат ҳаст?“
Инчунин раисиҷумҳури Қирғизистон аз он ибрози нигаронӣ доштааст, ки бархе неруҳо дар кишвараш фаъолият доранд, ки мехоҳанд, вазъияти онро ноором созанд: “Ҳоло ҳарфҳо оид ба пароканда шудани парлумони кишвар шунида мешавад. Вале интихобкунандаи ин парлумон, ки ҳукумати феълиро ба миён овардааст, мову Шумо ҳастем. Аз ин рӯ, ба назари ман, бояд ба он фурсат дод, то кори шуруъшударо то охир расонад.”