Душанбе мунтазири Ҳомид Карзай аст
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Бино ба хабарҳои расида, ин боздид 21-уми октябр сурат гирифта, дар ҷараёни он мулоқоти Ҳомид Карзай бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои амалишавии тарҳҳои минтақаӣ дар бахши энержӣ ва нақлиётро баҳс мекунанд.