Воридоти техникаи ҷангӣ ба Тоҷикистон аз боҷҳо озод шуд
Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш ба Кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, баробари техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи таъйиноти мудофиавӣ ва инчунин қисмҳои эҳтиётии онҳоро аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод намуд.
Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ин масъалаҳоро дар назди вакилон шарҳ дода ва гуфт, ин навоварӣ ба ҳавасмандгардонии соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона шудаанд.
Ин қарори парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ қарор намуданд, ба Тоҷикистони техникаи ҳарбӣ кӯмак намоянд. Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шарҳи ин қарор гуфта буд, Тоҷикистон барои ҳимояти марзҳояш бо Афғонистон теъдоди кофии низомиёнро дорад ва кишварҳои СПАД танҳо дар доираи имконияташон ба Тоҷикистон таҷҳизот ирсол хоҳанд кард.
Бордюжа изҳор дошт, ки кишварҳои СПАД номгӯйи таҷҳизотеро, дар доираи имконияташон метавонанд ба Тоҷикистон диҳанд, таҳия хоҳанд кард: “Аз ҷумла Русия силоҳ ва Белорусия дурбину таҷҳизоти назоратиро ба Тоҷикистон хоҳад дод. Кишварҳои дигар низ таҷҳизотеро, ки барои пешгирии убури марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунанд, ироа хоҳанд кард.”