Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон иваз шуд
Полковник Евгений Тубол бо як амри президенти Русия фармондеҳи пойгоҳи ҳарбии 201-и мустақар дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Тубол дар ин мақом Сергей Рюмшинро иваз кард, ки аз моҳи августи соли 2010 ба ин сӯ пойгоҳи 201-умро фармондеҳӣ мекард.
Тубол 3-юми сентябри соли 1968 дар рустои Чугуевкаи ноҳияи Чугуеви Приморск ба дунё омадааст. Ӯ соли 2012 Академияи ҳарбии ситоди генералии неруҳои ҳарбии Русияро хатм кардааст. Оиладор. Соҳиби се фарзанд.
Пойгоҳи низомии 201-ум соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфтааст. Воҳидҳои низомии он дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақаранд. Ин пойгоҳ ҳудуди 7 000 аскару афсар дошта, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар берун аз марзаш дониста мешавад.
5-уми октябри соли 2012 зимни сафари Владимир Путин ба Душанбе қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-ум имзо шуд. Тибқи ин қарордод замони ҳузури пойгоҳ то соли 2042 тамдид гардида, Русия аз пардохти иҷорапулӣ озод мешавад. 1-уми октябри соли равон вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи мазкурро ба тасвиб расонданд.