Изҳороти нави ВКД дар мавриди садамаи Расули Амонулло
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми октябр, бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки ҳеч майли аз ҷавобгарӣ гурезондани Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов, раҳбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро надорад.
Дар иттилоияи ВКД омадааст, ки расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ, ки бо иштироки писари Ҳукумов рух додааст, ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯиё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қайд менамояд, ки ҳодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботи қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад.
Ин ниҳоди қудратӣ афзудааст, новобаста ба он, ки гунаҳкор фарзанди кадом шахси воломақом набошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ёдрас мекунем, садама, ки бо иштироки Расули Амонуллои 16-сола рух додааст, се кушта барҷой гузошт ва худи Расули Амонулло, ки гунаҳкори садама арзёбӣ мешавад, то ҳол боздошт нашудааст.