Гуфтугӯ бо ҳамсари Саид Шарифов, “қаҳрамон”-и Пусть говорят
Нилуфари КАРИМ
“Озодагон” бо Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, баъдан қиссаи онҳо мавриди баҳси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт, сӯҳбате анҷом дод. Дар ин барнома гуфта шуд, оқои Шарифов даҳ сол боз хонаводаи худро дар Душанбе танҳо гузошта, худаш аз як зани ҷавони рус фарзанддор шудааст. Шаҳзода мегӯяд, баъд аз иштирокаш дар барномаи “Пусть говорят” рӯзи 3 октябр ба Душанбе баргашт ва ба зиндагияш идома медиҳад.
Озодагон: Барномае, ки Шумо дар он иштирок кардед, боиси баҳсҳои зиёде шуд. Аксарият ҳамсаратонро ба хотири он ки даҳ сол боз Шумову фарзандҳоятонро танҳо гузоштаву аз худ дараке надодааст, маҳкум карданд. Баъд аз ин барнома чӣ гап шуд, оё Саид Шарифов ба назди Шумову фарзандонатон омад? Чӣ гуфт?
Шаҳзода: “Баъд аз сабти барнома ба назди модараш омад. Кӯдакони ман рафта, ӯро ба оғӯш гирифтанд. Рости гап, нафратам нисбат ба ӯ дар тӯли барнома бештар шуда буд ва ман ҳатто ба тарафаш нигоҳ накардам. Тамоми иштирокдорони барномаи “Пусть говорят” назди ману фарзандонам омада, миннатдорӣ карданд. Баъзеашон ба оғӯш гирифта, дилбардорӣ намуданд. Баъзеашон барои ин қадар таҳаммули мо раҳмат мегуфтанд.”
Озодагон: Ҳамон лаҳзае ки шавҳаратон дар барнома сӯҳбат мекарду Шуморо дидаву гуфт, ки намешиносад, чӣ эҳсос доштед?
Шаҳзода: “Мегӯянд, дурӯғ торикии имон аст. Дар ин барнома ҳамсояи Саид, ки бо модараш омада буд, гуфт, ки ба хонаи мо пеш аз издивоҷ бо ӯ чанд хостгор омада буд. Аммо мо, ки якдигарро дӯст медоштем, ҳамаи хостгорҳоро рад кардам. Вақте вай моро партофта рафт, дар тӯли тақрибан даҳ сол ягон бор барои зиндагӣ кардан ба хонаи бародаронам нарафтаам, то ягон хешам нагӯяд, ки “ана, нағз дида гирифту имрӯз партофту рафт”. Духтарони ман обрӯи падарашонро нарезонданд, ба хотири он падарашон омада, бо сари баланд роҳ гардад. То лаҳзаи охир, вақте гуфт, ман инҳоро намешиносам, фарзандонам чанд бор садо баланд карданд, ки “ота, ин хел нагӯ”. Духтари калониам ин ҳамаро бо чашмони худ медиду бовар намекард. Мо оғози барнома ва суҳбатҳои Саидро дар дигар ҳуҷра тавассути як экрани калон тамошо доштем. Кӯдакон он лаҳзаҳоро дида мегиристанд.”
Озодагон: Дар ин тақрибан даҳ сол, ки бори зиндагӣ ба дӯшатон буд, чӣ кор мекардед?
Шаҳзода: “Агар дар ин 9 сол азобҳои кашидаамро нақл кунам, чанд китоб хоҳад шуд. Азоби маро ҳамаи ҳамсояҳоям медонанд. Тамоми авлоди Саид омада медиданд, ки чӣ хел ман рӯз мегузаронам. Вақташ омад, пули хобгоҳро дода натавонистам, дар ҳамин ҷо фаррошӣ ҳам кардам. Ба он хотир, ки аз кулбаам берун накунанд.”
Озодагон: Ҳоло дар куҷо кор мекунед ва оё ягон маълумот доред?
Шаҳзода: “Ҳозир дар бемористони рақами 4-и Душанбе ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунам. Баъд аз хатми мактаб ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, маълумот гирифта будам. Ҳамон маълумоти гирифтаам сахт кумак кард. Агар маълумот намедоштам, намедонам тақдири ману фарзандонам чӣ мешуд. Духтари калониамро низ пас аз хатми мактабаш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил кардам. Шукри Худо, бо саводи худ шомили коллеҷ шуда, ҳоло дар курси севум мехонад. Духтари хурдиам то синфи 9 хонда, аммо аз идомаи он даст кашид. Ҳоло дар назди хонаамон мева оварда мефурӯшад. Писарам дар синфи ҳаштуми мактаби рақами 49 мехонад.”
Озодагон: Дар барномаи “Пусть говорят” модари Саид ҳам иштирок дошт. Баъд аз он муносибати ӯ бо Шумо чӣ хел шуд?
Шаҳзода: “Пас аз сабти барнома бо мо дигар хуб сӯҳбат накард. Аз ин чархиш дар муносибати бибиаашон кӯдаконам ҳайрон шуданд. Вай ба назди ман омада гуфт, “ҳозир шавҳарат сар диҳад, рафта як каси дигарро меёбӣ”. Духтарчаам гашта ба бибиаш гуфт, “ба модари ман ягон нафарро накобед, шавҳар карданӣ нест”. Ба ман ягон кас даркор нест, ман танҳо барои фарзандонам зиндаяму нафас мекашам. Ҳарчанд саломатиам хуб нест, аммо ба кӯдаконам нишон намедиҳам то рӯҳафтода нашаванд.”
Озодагон: Чанд сол бо Саид зиндагӣ кардед?
Шаҳзода: “Аз соли 1992 то соли 2005 зиндагӣ кардем, то он вақте ки ба муҳоҷират рафт. Дар ҳамин қадар соли зиндагӣ Саид ягон бор маро дашном надода ва ягон гапи сахт ҳам назада буд. Ба хушҳолӣ аз хона баромада рафт. Ба умеде, ки дар Русия кор мекунаду мо дар Душанбе хона мехарем. Як бор занг зада ва гуфт, корҳояш хуб нест ва корхонаашонро калон мекунанду насиб дар оянда пул мефиристад. Ду сол пеш як ҳамсояамон рақамҳояшро пайдо карда ба мо дод. Духтаронаш занг зада гирён бо ӯ сӯҳбат карданд. Бо духтаронаш гап зада, ягон чиз нагуфтааст. Баъд аз як ҳафта занг задем, ки телефонаш хомӯш буд...”
Озодагон: Саид қабл аз он ки ба Русия равад, ба чӣ кор машғул буд?
Шаҳзода: “Пеш аз Русия рафтанаш дар Вазорати умури дохилӣ (ОМОН) кор мекард. Ҳамон соле, ки ба кор даромад, моро ба хобгоҳ овард, ки то ҳол мо дар инҷо зиндагӣ дорем. Агар вай инсон мебуду камтар номуси мардӣ медошт, аз паси як зане, ки бо чанд кас муносибат кардаасту намедонад фарзандаш аз кист, намерафт. Аз фарзандони ҳалоли худ рӯ намегардонд.”
Озодагон: Тӯли тақрибан даҳ соли охир Шумо ба умеди он ки Саид рӯзе аз дари хонаатон медарояд, зиндагӣ мекардед. Ҳоло чӣ фикр доред?
Шаҳзода: “Ҳоло ҳеч чиз, тамом. Фикр мекардам, баъд аз дидор бо кӯдаконаш фикраш тағйир меёбад. Аммо тағйир наёфт. Ман мефаҳмам, бештари мардони тоҷик дар Русия зан мегиранд. Вале онҳо боз оилаҳои тоҷикашро нигоҳубин менамоянд. Ҳеч боварам намеояд, ки ҳамон Саиде, ки ман дӯсташ медоштаму чанд сол зиндагӣ кардаем, ба ин ҳол афтодааст.”
Озодагон: Агар Саид аз кардаи худ пушаймон шаваду ба назади Шумову фарзандонаш биёяд, мебахшед?
Шаҳзода: “Баъд аз он ки сари маро дар байни мардум хам кард? Барномаро тамоми мардуми ҷаҳон дид ва ӯ аз кудаконаш рӯ гардонд. Боз ба кадом дидаю рӯ аз дари мо медарояду ман вайро қабул кунам? Дигар нафратам меояд.”
Озодагон: Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
Шаҳзода: “Духтари хурдиамро бо обрӯ ба шавҳар барораму писарамро соҳиби маълумот кунам. Дигар ба падараш умед надорам. Орзуҳоям бисёр аст, аммо Худо чизе хост, ҳамон мешавад.”