Қарори конфедератсияи Осиё дар мавриди Эрон
Конфедератсияи футболи Осиё, Эронро мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон эълон кард.
Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони навраси то 14-сола соли 2014 дар Эрон баргузор мешавад.
Дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Тимори Шарқӣ, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ ширкат мекунанд. Дар сабқати ниҳоӣ 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври якуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар соли 2013 миёни футболбозони то 14-сола аз 2-юм то 6-уми апрел дар шаҳри Катманду-пойтахти Непал баргузор гардида буд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар гурӯҳи “С” таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов ширкат карда, бо дастаҳои наврасони то 14-солаи Бутан, Афғонистон ва Непал қувваозмоӣ намуда, дастаи наврасони Бутанро бо ҳисоби 15:0, Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва бо якачини наврасони Непал бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дод. Ҳамин тариқ мунтахаби наврасони Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буд.