Мунтахаби Русия бо футболбозони Испания ва Бразилия рақобат мекунад
Тими миллии Русия оид ба футбол бо мунтахабҳои Испания ва Бразилия бозии дустона анҷом медиҳад.
Ба иттилои расида, дидори футболбозони рус бо тими Испания 15-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад. Бо Бразилия бошад, қувваозмоӣ баъди чор рӯз дар Торонтои Канада ҷараён хоҳад гирифт.
Русия, Бразилия ва Испания аллакай ширкати худ дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014-ро таъмин кардаанд: бразилиягиҳо ҳамчун мизбони сабқат, русҳо ва испаниягиҳо бошанд дар гуруҳҳояшон ҷойҳои аввалро ишғол карданд.
25-уми марти соли равон тимҳои миллии Русия ва Бразилия дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ» як бозии рафиқона анҷом доданд, ки 1:1 анҷом ёфт.
Дар рейтинги моҳи сентябрии ФИФА тими Русия дар мақоми 15-ум аст. Испания дар ҷои аввал ва Бразилия дар зинаи ҳаштум қарор дорад.