Парлумон роҳу фурудгоҳҳои Тоҷикистонро дар ихтиёри Бритониё гузошт
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми октябр, созишнома дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва ҳарбиёни Бритониёву Ирландияро тавассути Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Сайфулло Гиёев, вакили парлумон ин созишномаро муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки ин созишнома ҳанӯз моҳи апрел дар Душанбе ба имзо расида, баъди тасвибаш бритониёгиҳо метавонанд, аз фурудгҳҳои Тоҷикистон ба сифати майдони ҳавоӣ истифода кунанд вале уҳдадор мешаванд, тамоми қонунгузории Тоҷикистонро риоя карда, ба корҳои дохилии кишвар дахолат накунанд.
Масъалаи мазкур аввалин бор баҳори соли 2012 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ник Ҳорвей, вазири низомии Бритониё, матраҳ шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон ваъда карда буд, ки Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ барои берунории нерӯҳои НАТО-ро ба баррасӣ гирифта, аз натиҷаи қарори худ дар зудтарин фурсат Бритониёро бо роҳҳои дипломатӣ огоҳ хоҳад кард. Барои таҷриба аз роҳҳои Тоҷикистон он замон Бритониё ҳудуди 28 мошинҳои низомии худро берун карда буд.