Вазир: "Садамаи писари Ҳукумов аз рӯи адолат баррасӣ хоҳад шуд"
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори “Озодагон” дар бораи садамаи Расули Амонулло, писари раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се кушта бар ҷой гузошт, изҳори назар кард. Оқои Менглиев гуфт, қазияи Расули Амонулло “аз рӯйи адолат баррасӣ шуда, ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид.”
"Албатта, бовар дорам, ҳар чизе ҳам набошад, аз рӯи адолат анҷом меёбад. Ман шубҳа надорам, ки дар ин қазия писари мансабдор будани ӯ таъсир расонад. Ҳамаи корҳо дар доираи қонун ҳал хоҳанд шуд",-афзуд ӯ.
Рустам Менглиев дар бораи он ки оё Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов дар ин шабу рӯз чӣ гуна ба Олмон рафтааст, гуфт: “Шояд гурӯҳи тафтишотӣ дар асоси таҳлили ҳуҷҷат барои ӯ чунин иҷозаро дода бошанд”. Вай аз сӯҳбати бештар дар ин замина худдорӣ кард ва гуфт, ҳоло тафтишот идома дорад ва ӯ ҳанӯз бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ошно нашудааст.
Садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов шаби 9 октябр дар маркази Душанбе иттифоқ афтода, се кушта бар ҷой гузошт. Ҳарчанд дар ин садама писари раиси чойхонаи “Роҳат” ва як пайванди ӯ ҳам ҷон бохтанд, вале ӯ дар як сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар ин маврид аз болои Расули Амонулло даъвое надорад.