Муаллифи як матлаби “Озодагон” дар даври ниҳоии Озмуни “Қалами нуқраӣ”
Ирина Умарова, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи матлаби “Боевой” жилет выживания или жизнь таджикских мигрантов в России” барандаи роҳхати даври ниҳоии Озмуни байналмилалии “Қалами нуқраӣ-2013” гардид.
Ин матлаби хонум Умарова, ки дар бахши русии “Озодагон” ба нашр расида буд, дар он ҳаёт ва мушкилоти рӯзмарраи муҳоҷирони тоҷик дар Русия инъикос гардидааст. Озмуни байналмилалии “Қалами нуқраӣ-2013” аз тарафи Созмони ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Украина дар Қрим баргузор карда шуда, дар он имсол рӯзноманигорони беш аз 14 кишвари дунё, бахусус Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Узбакистон, Украина, Эстония ва Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Ба иттилои Созмони ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Украина дар Қрим дар умум ба Озмуни ҷумҳуриявии “Қалами нуқраӣ-2013” ҳудуди 700 матлаб фиристода шудааст. Ҳайати доварон аз миёни ин матолиб дар асоси услубҳои ҳирфаӣ беҳтаринҳоро интихоб карда, барои иштирок дар маросими ҷоизасупорӣ 80 муаллифро даъват кардаанд.
Дар номаи ин созмони журналистии Украина ба Умарова гуфта шудааст, “хонум Ирина Умарова мо Шуморо барои соҳиби роҳхат шуданатон ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Қалами нуқраӣ-2013” шодбош мегӯем”. Маросими ҷоизасупорӣ барои беҳтаринҳои озмуни мазкур дар шаҳри Судаки ҷумҳурии худмухтори Қрими Украина аз 24 то 27-уми окятбр баргузор хоҳад шуд.