Воҳидхон Қосиддинов: “Таҳқиру туҳмат ба ман бояд посухи қонунӣ ёбад”
Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 15-уми октябр дар Чоркӯҳ пас аз намози Иди Қурбон барои “майдаавбошӣ” боздошт ва баъдан раҳо шуд, дар як суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қазияи боздошташро “ҳамин хел намемонад”. Вай афзуд, “таҳқиру туҳмат ва нақзи ҳуқуқи конститутсионии ман бояд посухи қонунӣ ёбад”.
Додгоҳи Исфара дар оғоз Қосиддиновро ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум карда, баъд аз баррасии ин қазия аз сӯи Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд қарори худро ба 400 сомонӣ ҷарима иваз намудааст. Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара, ба “Озодагон” гуфт, “хабарҳо дар бораи он ки қарори додгоҳи Исфара дар бораи боздошти Воҳидхон Қосиддинов ботил шудааст, асос надорад. Танҳо ҷазо сабук шудааст. Яъне, 15 рӯзи ҳабсро бо ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 400 сомонӣ иваз карданд. Худи Қосиддинов ҳам айби худро эътироф карда, ҳатто хоҳиш кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон ӯро раҳо намоянд, то ба аёдати писари амакаш биравад.”
"Озодагон" дар як тамоси телефонӣ аз худи Воҳидхон Қосиддинов пурсид, ӯ барои адои намози Иди Қурбон ба Чоркӯҳ рафта будед, ё..?
Қосиддинов: “Чоркӯҳ зодгоҳи ман аст. Гузашта аз ин барои аёдати писарамакам рафтам, ки сахт бемор буд. Рӯзи арафа озими Чоркӯҳ шудам. Ният доштам, намози идро хонда, баъдан ба аёдат меравам. Аммо дар намоз ҳамин ҳодиса иттифоқ афтод ва ҳатто дар ҷанозаи ӯ ширкат карда натавонистам. Вақте аз боздоштгоҳ раҳо шудам, аллакай ӯро ба хок супурдаанд.”
Озодагон: Мақомоти Исфара гуфтанд, ки гӯиё Шумо иштибоҳи худро эътироф кардеду барои ҳамин “бахшида” шудаед...
Қосиддинов: “Ман танҳо ҳодисаи баамаломадаро эътироф кардам. Ҳарчӣ қабл аз намоз иттифоқ афтод, онро гуфтам. Гуфтам, ки вақте намоз дар вақти муайяншуда, яъне 7:30 оғоз нашуд ва 35 дақиқа аз вақти намоз гузашт, эътироз кардам, ки хунук аст, ҷойи нишастаамон нам аст, зудтар намозро шурӯъ кунед. Вақт барои инсонҳо чизи аз ҳама қимат аст, ки бояд хеле хуб истифода шавад. Барои зоеъ шудани вақт инсонҳо чӣ қадар ғусса мехӯранд. Онҳо 35 дақиқа вақти намозгузоронро гирифтанд, аммо дар додгоҳ маро ба он гунаҳкор карданд, ки гӯиё панҷ дақиқа вақтро гирифтаам.”
Озодагон: Муносибат дар боздоштгоҳ чӣ хел буд?
Қосиддинов: “Дар боздоштгоҳ ҳеч мушкиле надоштем. Муносибати масъулин хеле хуб буд, ҳурмату эҳтиром мекарданд.”
Дар акс: Воҳидхон Қосиддинов (нафари аввал аз тарафи чап)