Имомхатиби масҷиди Чоркӯҳ дар бораи боздошти раҳбари дастгоҳи ҲНИТ
Хушариф Амаков, имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ, ки номаш бо боздошти Воҳидхон Қосиддинов -- раҳбари дастгоҳи ҲНИТ рӯи забонҳо омад, мегӯяд, намози Иди Қурбонро ҳамагӣ 15 дақиқа дертар шурӯъ кардааст.
“Як каме таъхири мо набояд боиси озурдахотирии намозгузорон мешуд. Чун дар намози ид намояндагони ҳукумати Исфара низ суханронӣ карданд”,-гуфт ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ин дар ҳолест, ки Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Воҳидхон Қосиддинов, мегӯяд, онҳо дақиқ кардаанд, сархатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии ҷамоати Чоркӯҳ намози Иди Қурбонро 47 дақиқа аз вақти муқарраршуда дертар хондааст. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки намози Иди Қурбон дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати ҳафтуними субҳ гузошта шавад.
Хушариф Амаков мегӯяд, бо ин ҳол аз иттифоқе, ки уфтод, сахт мутаассуф аст. “Ман ба ҳайси даъвогар дар ин қазия баромад накардаам. Танҳо бо дархости мақомоти пулис баёнот додаму бас. Аммо, ба ҳар ҳол, дар вақти намоз одоби намзгузорӣ риоя мешуд”,-афзуд ӯ.
Хушариф Амаков мақоми имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии Чоркӯҳро ба дунболи баҳси Шӯрои уламо бо хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар масъалаи Ошӯро ба даст овардааст. Сархатиби пешини ин масҷид ба далели ин ки мухолифи қироати матни Шӯрои уламо алайҳи Тӯраҷонзодаҳо баромада буд, аз мақомаш барканор шудааст.
Мақомоти пулиси ноҳияи Исфара Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломиро, баъд аз намози Иди Қурбон боздошт карданд. Онҳо гуфтанд, оқои Қосиддинов бо талаби ин ки сархатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии Чоркӯҳ намозро дар вақташ оғоз кунад, тартиботро халалдор намудааст. Додгоҳи Исфара ҳам бо вуҷуди рӯзи таътил будан раиси дастгоҳи ҲНИТ-ро ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард.
Аммо рӯзи 16 октябр Додситонӣ ва Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд Воҳидхон Қосиддиновро “бегуноҳ” эълон карда, қарори боздошти ӯро лағв намудааст.