Ҳизби Жириновский: Интиқоли пули муҳоҷирон қатъ шавад
Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), ба раҳбарии Владимир Жириновский, аз Дмитрий Медведев -- нахуствазири ин кишвар тақозо кардааст, то интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ тавассути бонкҳо қатъ шавад. Ин пешниҳод ба дунболи қатли Егор Шербаков ва тазоҳуроти зидди муҳоҷирон дар Бирюлёвои Маскав сурат мегирад.
Ярослав Нилов, намоянда аз Ҳизби либерал-демократи Русия дар Думаи давлатӣ гуфтаааст, “агар интиқоли маблағи муҳоҷирон қатъ шавад, онҳо маҷбур мешаванд, худашон ин пулро ба хонаҳояшон бубаранд. Аз ин тариқ, имкони назорати рафтуои муҳоҷирон ҳам таъмин карда мешавад.” Вай афзудааст, “ин моратория бояд ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ашхоси ҳуқуқиро фаро бигирад. Чунин пешниҳодҳо аз ин пеш ҳам шуда буданд, аммо то ин замон танҳо мақсади назорати маблағи интиқолшаванда дар маърази диққат буд, на назорати будубоши қонунии муҳоҷирон.”
Ин пешниҳод, ки рӯзи 16 октябр ироа шуд, миёни муҳоҷирон нигарониҳоеро ба бор овардааст. Соҳибёри Толиб, рӯзноманигори муқими шаҳри Маскав, ки муҳоҷирати тоҷикон дар Русияро пайгирӣ мекунад, гуфт, агар ин пешниҳод пазируфта шавад, мушкили иловагӣ болои муҳоҷирин хоҳад буд. “Инчунин, роҳҳои нави фасодро дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан барои мақомдорони ин кишвар мекушояд”,-афзуд вай.
Бино ба омори расмӣ соли 2012 аз Русия ба кишварҳои муштаракулманофеъ ҳудуди 17,8 миллиард доллар маблағ интиқол ёфтааст, ки аксари кулли ин маболиғ ба Укроин, Озарбойҷон ва Тоҷикистону Узбакистон рост меояд.