Сарояндаи поп барои нарафтан ба пахтачинӣ аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум шуд
Ҷасур Умиров, овозхони маъруфи Узбакистон барои саркашӣ аз ҷамъоварии пунба аз литсензия ё иҷозатномаи сарояндагӣ маҳрум шудааст.
Торнамои “Узбекнаво”, ниҳоде, ки ба овозхонҳои эстрада литсензия медиҳад, навиштааст, ки Умиров бо баҳонаи “саломатии бад”-аш аз рафтан ба саҳрои пахта даст кашидааст.
Гуфта мешавад, бо ин кор “Узбекнаво” ба ҳамаи сарояндаҳои дигар сабақ доданист.
“Ҷасур Умаров худро бемор нишон дод ва аз ин рӯ барои саркашӣ аз ҷамъоварии пахта ва иҷрои таронаҳои ба фарҳанги миллӣ бегона муҷозот шуд”,-гуфтааст як манбаъ аз “Узбекнаво” ба “Озодлик”.
Умиров қабл аз маҳрум шудан аз литсензия таронаи «Маша»-ро иҷро карда ва бар матни он клип ҳам бардошта буд. Маҳз ҳамин сурудро "Узбекнаво" «ба арзишҳои фарҳанги миллӣ бегона” хондааст.
"Узбекнаво” маъракаи ҷалби овозхонҳо барои ҳунарнамоӣ дар мавсими пахтағундориро роҳандозӣ кардааст. Дар робита рӯйхати овозхонҳое, ки бояд ба саҳро раванд, тартиб дода шудааст. "Сароянлдаҳои ба ин рӯйхат уфтода бояд бидуни пеш овардани ҳеч баҳона ба саҳро бираванд”,-гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, сарояндаҳои фаъол ба саҳро рафта консерт медиҳанд, аммо онҳое, ки аз ин амр саркашӣ мекунанд “сахт муҷозот мешаванд”.
Масалан, Озодбек Назарбеков, сарояндаи мардумии Узбакистон барои ширкати фаъол дар мавсими пахтағундорӣ бо кортии плостикӣ ва маблағ дар ҳисобаш мукофотонида шудааст.