Озодии Воҳидхон Қосиддинов ва баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ
Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи Иди Қурбон дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара боздошт шуда буд, озод гардид. Ӯ дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳолаш хуб аст ва чанд муддати дигар дар Исфара хоҳад монд.
Маъмурони пулиси Исфара оқои Қосиддиновро рӯзи 15 октябр барои он ки аз имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии ҷамоати Чоркӯҳ хостааст, то намози Иди Қурбонро дар вақташ бигузорад, боздошт намуданд. Ҳарчанд бар асоси тақвим рӯзи таътил ё истироҳат буд, аммо додгоҳи Исфара дарҳол ӯро дар майдаавбошӣ муттаҳам карда, барои 15 рӯз ба зиндон фиристод.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Қосиддинов, мегӯяд, рӯзи 16 октябр Додситонӣ ва Додгоҳи вилояти Суғд аризаи шикоятии онҳо аз болои қарори додгоҳи Исфараро баррасӣ карда, озодии нафари таҳти ҳимояти ӯро талаб намудаанд. “Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд қарор кард, ки Воҳидхон Қосиддинов ягон майдаавбошӣ накардааст ва бинобар ин аз боздошт озод шавад”,-афзуд ӯ.
Ба қавли мусоҳиби мо, Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд, инчунин, қарори додгоҳи Исфараро ғайриқонунӣ хондааст. Ин мавзӯъро Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ба баррасӣ гирифта, онро “амали ғайриоқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон” номидааст. Ин ҳизб дар баёнияи худ гуфтааст, “амали мақомот нишон медиҳад, ки дар кишвари мо раванди поймолшавии ҳуқуқи инсон аз тарафи онҳо на танҳо коҳиш наёфтааст, балки бештар гашта, шаклан ва моҳиятан ба фазои солҳои 30-и асри 20 шабоҳат пайдо мекунад. Мақомот на танҳо ҳуқуқи шахсиву динӣ ва сиёсиву иқтисодии мардумро дағалона поймол менамоянд, ҳатто камтарин вокунишро нисбати ин гуна амалкардҳои ғайриқонунии худ, чӣ дар шакли хоҳиш ё эътироз, таҳаммул карданӣ нестанд.”
Боздошти Воҳидхон Қосиддинов дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо вокунишҳои шадиди корбарони интернет рӯбарӯ омад. Бештари корбарон ин қазияро бо садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се нафарро кушта, вале ҳоло худаш дар Олмон қарор дорад, муқоиса кардаанд.