Ҷоиза барои духтаре, ки аз президент имзо хост
Имрӯз, 14-уми октябр, гуруҳи кории Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба Ҳамида Носирова, духтаре, ки талош дошт, ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ин иттиҳод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, имзо бигирад, ҷоиза супурд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни суханрониаш гуфт, ки ин ҷоиза тибқи ваъдаи қаблӣ ва барои ҷасорат ба хонум Носирова супурда мешавад. Ҷоизаро ба Ҳамида Носирова, Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки таърихи 29-уми сентябр Ҳамида Носирова, узви гурӯҳи кории ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷамъоварии имзо машғул буда, дар рафти кори худ ба манзили раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон низ рафтааст.
Ҳамида Носироваро дарбонон қабул карда, аз ӯ сабаби аслии ворид шудан ба ин манзилро суол мекунанд. Дар ҷавоб хонум Носирова мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раисҷумҳур будан, шаҳрванди кишвар буда, аз ин лиҳоз мехоҳад имзои ӯро бигирад. Дар натиҷа дарбонон ба идораи амният занг зада, мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш дар манзили худ ҳузур надоштаанд.